«Созидание» ба Тоҷикистон бо ҷанҷоли байнулмилалӣ таҳдид мекунад

– Амалҳои номақбули Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон нисбати сармоягузорони русиягӣ ба оқибатҳои ногувори нахустин боис гардида, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, – изҳор намуд адвокати ҶДММ «Созидание» Игор Серебряков рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни аз ҷониби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шудани шикояти Ҷамъият аз болои […]

Пайрав Чоршанбиев



– Амалҳои номақбули Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон нисбати сармоягузорони русиягӣ ба оқибатҳои ногувори нахустин боис гардида, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, – изҳор намуд адвокати ҶДММ «Созидание» Игор Серебряков рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни аз ҷониби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шудани шикояти Ҷамъият аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба маҷбуран ситонидани қарзҳои ҶДММ «Созидание» аз пардохти андозҳо.

Серебряков зикр кард, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷараёни ин қазияро бодиққат пайгирӣ доранд ва ин қарор ба сиёсати ҷалби сармояи раҳбарияти Тоҷикистон мувофиқ нест. «Кумитаи андоз аллакай дархост пешниҳод намуда, Суди иқтисодии Душанбе оид ба ҳабси амволи ҶДММ «Созидание», яъне меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва маркази тиҷорати дараҷаи «А» «Созидание» дар Душанбе қарор содир намуд», – иброз дошт вай.

Адвокати ширкат бар ин назар аст, ки якҷониба даст кашидани Тоҷикистон аз созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ҷанҷоли байнулмилалиро дар пай хоҳад дошт. «Ин шартнома бо Кипр ба Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда, зимни аз ҷониби кишвар имзо шудани шартнома дар бораи таъсиси ИДМ ва баъдан зимни имзои Эъломияи Алмаато Тоҷикистон ба иҷрои ҳамаи созишномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ уҳдадор шуда буд», – қайд кард адвокат.

Дар ҷаласаи судӣ намояндагони ҶДММ «Созидание» пешниҳод карданд, ки аз рӯий санҷиши Кумитаи андоз ташхиси мустақилонаи муҳосиботӣ гузаронида шавад, чунки қарзе, ки ба ин ширкат нисбат дода мешавад воқеӣ нест ва нодуруст ҳисоб шудааст, аммо Кумитаи андози Тоҷикистон зарурати ташхиси дубораро нолозим донист.

Имрӯз далелу ваҷҳҳои Кумитаи андоз дар робита ба ин масъала шунида шуда, сипас аз рӯи ин шикоят қарор қабул карда мешавад.

Бар асоси қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҶДММ «Созидание»

маҷбуран қарзҳои андозро мерӯёнад.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.

Мушкилоти ширкат бо мақомоти андоз пас аз санҷиши маҷмӯии такрории пардохти андозҳои тайи панҷ соли охир оғоз гардиданд.

Бино ба маълумоти ширкат, тибқи натиҷаҳои санҷиши такрорӣ, Кумитаи андоз аз рӯи андозҳои гуногун ба маблағи умумии 177,11 млн. сомонӣ пардохти дубора анҷом дода, бар асоси он аз ҳисоби фоиз ва ҷаримаҳо ҳамчунин мутаносибан дар ҳаҷми 99,05 млн. ва 46,20 млн. сомонӣ пардохти дубораи маблағҳоро амалӣ кард.  Маблағи умумии пардохтҳои дубора аз рӯи санади санҷиши пардохти андоз 322 млн. 352 ҳазору 898 сомонӣ ё худ 67 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд.

Дар бораи маҷбуран ситонидани қарз аз андози ширкати мазкурро Кумитаи андоз дар 

сомонаи расмии худ

 хабар дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.