Маҷаллаи
Forbes
cанаи 11-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони «Рухсатӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ: 14 макони аз ҳама бештар ғайриоддии собиқ ИҶШС» матлабе интишор намуд. Ба ин рӯйхат Қуллаи Исмоили Сомонӣ шомил гардидааст.
Гуфта мешавад, дар қаламрави Тоҷикистон кӯҳи баландтарини тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир шудааст, ки қаблан Қуллаи Коммунизм номида мешуд.
Зимнан зикр мегардад, ки баландии қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 метрро ташкил медиҳад, ки 1440 метр аз Эверест пасттар аст. Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз се кӯҳи баландиашон аз 7 ҳазор метр зиёдтар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, сетоаш дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст.



