Тадбирҳои бесобиқаи таъмини амният дар арафаи нишасти СҲШ

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақвияти реҷаи назорати шиносномавӣ аз аввали моҳи август дар қаламрави пойтахтро эълом дошт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, санҷиши реҷаи шиноснномавӣ дар тамоми ноҳияҳои шаҳр бо мақсади ошкор намудани шахсоне гузаронида мешавад, ки дар пойтахт ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. «То кунун 124 нафар вайронкунандагони […]

Аваз Юлдошев



Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақвияти реҷаи назорати шиносномавӣ аз аввали моҳи август дар қаламрави пойтахтро эълом дошт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, санҷиши реҷаи шиноснномавӣ дар тамоми ноҳияҳои шаҳр бо мақсади ошкор намудани шахсоне гузаронида мешавад, ки дар пойтахт ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.

«То кунун 124 нафар вайронкунандагони талаботи моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Иқомат доштан бидуни қайд) ошкор гардида, нисбати онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд», – иттлоъ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, давоми баргузории санҷиши риояи реҷаи шиносномавӣ 8 ҳолати худсарона азхуд кардани заминҳо, як ҳолати ғайриқонунӣ нигаҳдории милтиқи шикорӣ ва як далели нигаҳдории норинҷаки дастӣ ва 12 адад тир ошкор шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар арафаи нишасти рӯзҳои 11-12-уми сентябри сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикитстон шабона аз ҷониби дастаҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ ва кормандони милиса таҳти назорат гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.