Раҳмон Шарифро бо Иди истиқлоли Покистон табрик кард



Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Иди истиқлоли Покистон ба нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ пайваста, солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъолтар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд.

«Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод», – омадааст дар барқия. 

spot_imgspot_img

Популярное