Раҳмон Шарифро бо Иди истиқлоли Покистон табрик кард

Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Иди истиқлоли Покистон ба нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ пайваста, солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъолтар […]

ASIA-Plus



Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Иди истиқлоли Покистон ба нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ пайваста, солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъолтар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд.

«Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод», – омадааст дар барқия. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.