Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо муовини вазири корҳои хориҷии Чин Чэн Гопин маҷмӯи васеи масъалаҳои тадорукотии сафари раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Чин ба Тоҷикистон имзои Баёнияи муштарак дар бораи густариши муноисбатҳои шарики стратегӣ миёни Тоҷикистону Чин, Барномаи ҳамкории дуҷониба барои давраи солҳои 2015-2020 ва ҳамчунин бастаи созишномаҳои фарогири ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои амният, тиҷорату иқтисод ва маорифу фарҳанг дар назар аст.



