Шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 11,1 млн. нафар

Айни замони шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 8 млн. нафар баробар аст, беш аз 11,1 млн. нафарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тақрибан 6,5 млн. нафари онҳо муштариёни фаъоли шабакаҳо мебошанд. Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ин вазъро чунин шарҳ доданд, ки аксари […]

Пайрав Чоршанбиев



Айни замони шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 8 млн. нафар баробар аст, беш аз 11,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тақрибан 6,5 млн. нафари онҳо муштариёни фаъоли шабакаҳо мебошанд.

Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ин вазъро чунин шарҳ доданд, ки аксари муштариён аз якчанд сим-кортҳо истифода мекунанд ва аз ин рӯ, шумори муштариён аз аҳолии кишвар зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентӣ, феълан дар кишвар шумори корбарони шабакаи интернет бо шумули интернети мобилӣ ба беш аз 3,8 млн. нафар расидааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, ҳаҷми даромади операторони хусусӣ дар нимослаи аввали соли ҷорӣ 1,2 млрд. сомонӣ (240 млн. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 5,1% зиёдтар аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра ҳаҷми даромади оператори миллӣ – «Тоҷиктелеком» ва «Почтаи тоҷик» ба андозаи 11,5% коҳиш ёфта, 54 млн. сомониро ташкил додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.