Дар Кӯлоб маросими никоҳ танҳо дар масҷид анҷом дода мешавад

Аз 71 масҷиди воқеъ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб дар 55 масҷид барои анҷоми маросими никоҳ шароити мушобеҳ ба идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) фароҳам оварда шудааст. Мудири шуъбаи умури дин дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом бинобар сабаби никоҳҳои барвақтӣ ё ба […]

Турко Дикаев



Аз 71 масҷиди воқеъ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб дар 55 масҷид барои анҷоми маросими никоҳ шароити мушобеҳ ба идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) фароҳам оварда шудааст.

Мудири шуъбаи умури дин дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом бинобар сабаби никоҳҳои барвақтӣ ё ба истилоҳ ҳолатҳои афзудани маросими анҷоми никоҳи «зани дуюм», ки пешгирии ин мушкилот бо воситаҳои маъмулӣ аз қабили фаҳмонидану машварат додан душвору ғайриимкон шудааст, роҳандозӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд маросими никоҳро на ҳама гуна шахс, ки чанде аз оятҳои Қуръонро аз ёд кардааст, балки танҳо имомхатиби масҷиди маҳаллаи аҳолинишин мегузаронад.

«Танҳо баъди санҷиши дақиқи тамоми ҳуҷҷатҳо дар бораи сабти никоҳ дар идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, синнусол ва вазъи солимӣ имомхатиб навхонадоронро никоҳ мекунад», – гуфт Абдулҳамидов ва илова намуд, ки ин иқдом дар хамаи 588 масҷиди минтақи Кӯлоб роҳандозӣ гардида, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова