Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 7-уми август Коллегияи ҳарбии Суди олии Тоҷикистон ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014-ро бекор карда, парвандаи ҷиноиро ба тафтиши иловагӣ ирсол намуд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен «бо мақсади тарбия» сарбозони ҷавонро саф ороста, ба гулӯву дигар аъзои бадани ҳар кадоме аз онҳо ба зарбазанӣ пардохтанд.
Пас аз ин зарбаҳо сарбоз
Мақсуд Носиров
беҳуш шуда, ӯро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ӯ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рӯдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст.
Бо ҳукми Суди ҳарбиии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М.Юнусов ва Н.Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш.Нуров ва Б.Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор донист шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.
Адвокат С.Саидов, ки аз манфиатҳои хешону наздикони ҷабрдида ҳимоя мекунад, аз болои ин қарор ба Колленияи ҳарбии Суди олӣ шикоят бурда, тақозо намуд, ки парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонида шавад.
Саидов дар ин робита чунин гуфт: «Ман ва намояндагони ҷабрдида бинобар сабаби ноодилона ва сабук будани ҳукм бо он комилан розӣ набудем. Мо ба суди зинаи болоӣ бо талаби бекор кардани ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ шикояти кассатсионӣ бурдем. Дар шикоят мо талаб кардем, ки нисбати М.Юнусов ва Н.Шарифзода мутобиқи моддаи 110, қ.3, б. «в» (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) айбномаи нав эълон карда шавад».
Ҳамчунин ҷониби ҳимоя аз суд дархост намудааст, ки нерӯҳои марзбонии ҶТ (қисми низомии 2857) ва комиссариати ҳарбии ноҳия ба шумори ҳамҷавобгарон аз рӯи даъвои шаҳрвандӣ оид ба рӯёнидани зиёни молӣ ва маънавӣ ба нафи намояндагони ҷабрдида шомил карда шаванд.
Ёдрас мекунем, ки аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавиро суд қисман қонеъ намуд. Маблағи даъво 200 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Суд талаби даъво оид ба ҳамҷавобгар эътироф кардани нерӯҳои марзбонӣ ва комиссариати ҳарбиро рад намуда, даъвои рӯёнидани зиёнро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ қонеъ кард. Оид ба ин даъво шахсони гунаҳкор – ҳамхизматони ҷабрдида аз меҳтарсолорӣ ҷавобгар дониста шуданд.



