Оғози басти дуюми мактаби омодакунии прапоршикҳои Вазорати мудофиа



Бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ аз аввали моҳи август дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон басти дуюми мактаби омодакунии прапоршикҳо бо ҷалби 100 нафар донишҷӯ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, таълиму тадрис дар мактаби омодакунии прапоршикҳо 4-моҳро дар бар гирифта, донишҷӯён ҳангоми таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд. Ба ин курсҳои кӯтоҳмуддат сарбозоне, ки маълумоти миёна ё миёнаи касбӣ доранд ва аз хизмати ҳарбиашон як солу шаш моҳ сипарӣ гаштааст, тибқи хоҳиши таҳсил ба мактаби прапоршикӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, илова бар ин, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба итмом расонидаанду дар эҳтиёт мебошанд, мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ қабул мегарданд ва онҳо баъди ба анҷом расонидани мактаби мазкур бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки Мактаби прапоршикҳо бо фармони вазири мудофиаи мамлакат моҳи январи соли равон таъсис ёфта, дар он аз рӯи 8 ихтисос мутахассисони зерин, яъне старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зинетиву ракетӣ ва ғайраҳо омода карда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное