Оғози басти дуюми мактаби омодакунии прапоршикҳои Вазорати мудофиа

Бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ аз аввали моҳи август дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон басти дуюми мактаби омодакунии прапоршикҳо бо ҷалби 100 нафар донишҷӯ ба фаъолият шурӯъ намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, таълиму тадрис дар мактаби омодакунии прапоршикҳо 4-моҳро дар бар гирифта, донишҷӯён […]

ASIA-Plus



Бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ аз аввали моҳи август дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон басти дуюми мактаби омодакунии прапоршикҳо бо ҷалби 100 нафар донишҷӯ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, таълиму тадрис дар мактаби омодакунии прапоршикҳо 4-моҳро дар бар гирифта, донишҷӯён ҳангоми таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд. Ба ин курсҳои кӯтоҳмуддат сарбозоне, ки маълумоти миёна ё миёнаи касбӣ доранд ва аз хизмати ҳарбиашон як солу шаш моҳ сипарӣ гаштааст, тибқи хоҳиши таҳсил ба мактаби прапоршикӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, илова бар ин, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба итмом расонидаанду дар эҳтиёт мебошанд, мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ қабул мегарданд ва онҳо баъди ба анҷом расонидани мактаби мазкур бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки Мактаби прапоршикҳо бо фармони вазири мудофиаи мамлакат моҳи январи соли равон таъсис ёфта, дар он аз рӯи 8 ихтисос мутахассисони зерин, яъне старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зинетиву ракетӣ ва ғайраҳо омода карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова