Бародари маҳкумшудаи муовини раиси КДАМ ба озодӣ баромад



Маҳкумшуда ба 7 соли зиндон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, бародари муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров – собиқ сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД ҶТ дар ноҳияи Фархор Фаридун Умаров шартан пеш аз муҳлат озод карда шуд.

Бино ба иттилои расида аз суди ноҳияи Синои пойтахт, ӯ ахири ҳафтаи гузашта ба озодӣ баромадааст. Ба иттилои манбаъ, мутобиқи афви ахир нисфи муҳлати зиндони Ф.Умаров кам карда шуда, барои рафтори намунавӣ дар маҳбас, ҳафт моҳи боқимондаи адои ҷазоро ӯ дар озодӣ паси сар мекунад. Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳар моҳ  уҳдадор аст, ки ба мақомоти милисаи маҳаллӣ рафта, аз санҷиши дахлдор гузарад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 7-уми августи соли 2012 бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии мнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров ба

7 соли зиндон маҳкум шуд.

Фаридун Умаров моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми қочоқи 42 кило маводи мухаддир боздошт гардида буд. Ӯ узви гурӯҳи ҷиноятпешае буд, ки ба он Рустам Ҳайитов бо лақаби «Хаммер» раҳбарӣ мекард. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин сардори шуъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии ВКД Тоҷикистон майори милиса Зафар Мирзоев ва сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии РКД шаҳри Душанбе подполковники милиса Тоҳирхон Шеров ва чандеи дигар кормандони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ шомил буданд.

Дар робита ба ин қазия Рустам Ҳайитов ба 24 сол, ронанда Қобил Давлатов ба 12 сол ва Сайвалӣ Исмоилов ба 7 соли зиндон маҳкум карда шуданд. 

spot_imgspot_img

Популярное