Иди асал ва харбуза дар Душанбе ахири август доир мегардад

Баргузории иди ҳамасолаи асал ва харбуза дар шаҳри Душанбе имсол 30-юми август пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоврзии ҶТ, Иди «Асал ва харбуза-2014» соли равон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар ин бозорҳо ба харидорон навъҳои беҳтарини асал ва харбуза […]

ASIA-Plus



Баргузории иди ҳамасолаи асал ва харбуза дар шаҳри Душанбе имсол 30-юми август пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоврзии ҶТ, Иди «Асал ва харбуза-2014» соли равон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозорҳо ба харидорон навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаш гардида, маъмулан навъҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда мешаванд.

Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Асали тоҷик», нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 500 тонна асал истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ  дар пойтахт занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ  зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда  аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида буданд.

Гуфта мешавад, дар баробари асал ва харбуза инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 230 тонна, аз ҷумла тарбуз, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ, каду, себ, нок, боймиҷон, шарбати мева, гӯшт ва тухм ба фурӯш гузошта шуд. Маҳсулотҳои зикргардида нисбати нархҳои бозор ба андозаи 20-30 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.