Сафари расмии раиси Маҷлиси миллӣ ба Русия

Даҳаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсид Убайдуллоев ба Русия сафари расмӣ анҷом медиҳад. Тавре як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, дар Маскав Убайдуллоев дар кори форуми байнипарлумонии Тоҷикисиону Русия ширкат хоҳад варзид, ки дар он масоили рушди робитаҳои иқтисодии минтақаҳои ҳарду кишвар баррасӣ шуда, ҳамчунин […]

ASIA-Plus



Даҳаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсид Убайдуллоев ба Русия сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Тавре як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, дар Маскав Убайдуллоев дар кори форуми байнипарлумонии Тоҷикисиону Русия ширкат хоҳад варзид, ки дар он масоили рушди робитаҳои иқтисодии минтақаҳои ҳарду кишвар баррасӣ шуда, ҳамчунин роҳу воситаҳои афзоиши интиқоли маҳсулоти ғизову кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба Русия як қатор дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти парлумони ин кишвар дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.