Ҷамъоварии беш аз 665 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона

То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 665 ҳазор тонна  ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822  гектар зироати ғалладона кишт шудааст. Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони қариб 244 […]

Пайрав Чоршанбиев



То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 665 ҳазор тонна  ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822  гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони қариб 244 ҳазор гектар (83,5%) ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 28,4 сентнерро ташкил медиҳад. «Айни замон ба ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона 130 адад мобайн сафарбар шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор гектар кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Тибқи дурнамо, имсол дар Тоҷикистон 1 млн. 300 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 890 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданианд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. 

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.