Таҷлили ҷашни Рӯзи табибон дар вилояти Суғд

Рӯзи 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии хеш иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони […]

ASIA-Plus



Рӯзи 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии хеш иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони соҳаи тандурустӣ табрик гуфт ва изҳори умед намуд, ки табибони вилоят баҳри беҳтар намудани саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.

Раиси вилоят ҳамзамон гуфт, тибқи дастури Сарвари давлат бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба зиёд кардани ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисони ҷавон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Зикр гардид, ки дар ин раванд дар нимсолаи аввали соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи тандурустӣ наздик 120 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Бо мақсади сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи соҳавӣ соли 2014 сохтмон ва таъмири 55 иншоотҳои тандурустӣ, 42 шӯъбаҳои муассисаҳои тиббӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба иди касбӣ – Рӯзи кормандони тиб аз ҷониби Раиси вилоят ба пешқадамони соҳаи тандурустӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, чорабинӣ бо консерти идона ва ҳунарнамоии санъаткорони вилоят поён ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.