Раҳмон Карзайро бо ҷашни Рӯзи истиқлоли Афғонистон табрик кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 95-умин солгарди истиқлоли давлатии Афғонистон ба раисҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 95-умин солгарди истиқлоли давлатии Афғонистон ба раисҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ ва дар маҷмӯъ дар тақвияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон муваффақиятҳои бузург ба даст оварда шудааст.

«Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар мебошад ва ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ин раванд тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод», – омадааст дар барқия.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки Афғонистон дар ин марҳилаи тақдирсоз ба туфайли хирад ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти худ бо сарбаландӣ муваффақ хоҳад шуд, то аз имтиҳонҳои кунунӣ бо ҳамбастагию оромиш ва ваҳдати беш аз пеш берун ояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.