Охири август иншоотҳои ҷашнӣ дар пойтахт ба истифода дода мешаванд

Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Душанбе ба истифода додани иншооти нав ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ бо иштироки президенти мамлакат оғоз мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин рӯз сарвари давлат ва раиси пойтахт дар маросими мавриди бахрбардорӣ қарор додани бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62 […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Душанбе ба истифода додани иншооти нав ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ бо иштироки президенти мамлакат оғоз мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин рӯз сарвари давлат ва раиси пойтахт дар маросими мавриди бахрбардорӣ қарор додани бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар шаҳри Душанбе барои 640 нафар толибилмон ширкат хоҳанд варзид. Ба ифтихори ин ҷашн дар бинои мактабҳои №37, 52 ва 92-и шаҳри Душанбе низ корҳои таъмиру азнавсозӣ анҷом дода шуданд.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар шахри Душанбе ба муносибати ҷашни солгарди истиқлол иншооти таъиноти гуногун ба маблағи умумии 721,4 млн. сомонӣ ба истифода дода мешаванд, ки асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ сохта шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар остонаи ҷашн дар пойтахти кишвар маркази савдои «Пойтахт-90», меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton», 1 манзили истиқоматии 12-ошёна, 11 манзили истиқоматии 9-ошёна, 8 манзили зисти 5-ошёна ва майдонҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар иншооти нав беш аз 1,5 ҳазор нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.