Зимни ду амалиёти БДА 300 қонуншиканӣ ошкор шуд

Дар доираи амалиётҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон таҳти унвони «Сирена» (Бонг) ва «Техосмотр» (Азназаргузаронии техникӣ) аз 10 то 20-уми август дар саросари кишвар  беш аз 300 қонуншиканӣ ошкор карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, дар ҷараёни амалиёти «Сирена», ки ба […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи амалиётҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон таҳти унвони «Сирена» (Бонг) ва «Техосмотр» (Азназаргузаронии техникӣ) аз 10 то 20-уми август дар саросари кишвар  беш аз 300 қонуншиканӣ ошкор карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, дар ҷараёни амалиёти «Сирена», ки ба ошкор кардани автомашинаҳои дорои таҷҳизоти бонгдиҳии беҳад баланду гӯшхарош мебошанду боиси нороҳатии аҳолӣ гардидаанд, 6 воситаи нақлиёт боздошт ва рақамҳои давлатии онҳо гирифта шудаанд.

«Нисбати ронандахои ин воситаҳои нақлиёт санадҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои чораҷӯӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи амалиёти «Техосмотр», ки ба ошкор кардани автомашинаҳои саривақт аз муоинаи техникӣ нагузашта ва боҷҳои давлатиро пардохтнакарда равона шудааст, беш аз 300 автомашина ба майдони ҷаримавӣ мунтақил шудааст. «Моликони ин автомашинаҳоро ҷаримаҳо дар ҳаҷми зиёд интизоранд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.