Рақобати афсарону сарбозони гарнизони Хоруғ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа

Нимаи аввали моҳи августи соли равон байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, мусобиқаи варзишӣ, ки давоми панҷ рӯз идома кард, дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намуди ҷанги тан ба тан, гӯштини дзюдо, давидан ба масофаи 100 […]

ASIA-Plus



Нимаи аввали моҳи августи соли равон байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, мусобиқаи варзишӣ, ки давоми панҷ рӯз идома кард, дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намуди ҷанги тан ба тан, гӯштини дзюдо, давидан ба масофаи 100 метр ва футболи хурд байни ҳам сабқат намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо Ҷоми вазири мудофиа, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамасола чунин мусобиқаҳои варзишӣ бо дастгирии роҳбарияти Вазорати мудофиа дар тамоми қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.