Терминали нави фурудгоҳи Душанбе то нишасти СҲШ ба истифода дода мешавад



Маросими мавриди истифода қарор гирифтани терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) рӯзи 3-юми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки президенти мамлакат доир мегардад.

Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим ҳамчунин намояндагони сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон ва ширкати Vinsi S.A., ки ба сохтмони терминал машғул аст, низ ширкат хоҳанд варзид.

Дар назар буд, ки терминал моҳи декабри соли 2014 ба истифода дода мешавад, вале корҳо пеш аз муҳлат ба анҷом расида, тасмим гирифта шудааст, ки терминал пеш аз муҳлат, то оғози кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе (11-12-уми сентябр) ба истифода дода шавад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии фурудгоҳ, тамоми ҳавопаймоҳое, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз майдони фурудгоҳ берун бурда шудаанд. «Истгоҳҳо холӣ карда мешаванд, зеро ҳангоми кори нишаст ҳавопаймоҳоии зиёде, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бузургҳаҷми Боинг дар фурудгоҳ мустақар хоҳаанд шуд», – зикр кард Шодиев ва илова намуд, ки дар рӯзҳои кори нишаст парвози ҳавопаймои мусофирбар тариқи хатсайрҳои муқаррашуда қатъ карда намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное