Мақомоти милисаи пойтахт ба таҳқиқи сабаби даст ба худкушӣ задани корманди кошонаи ҳусни «Фарида», воқеъ дар хиёбони Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе оғоз кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта корманди ин кошона, модари ду фарзанд ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ дарро аз дарун баста, худро ба дор овехтааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи далел тафтиш идома дошта, ҳамкорон ва наздикони фавтида бозпурсӣ карда мешаванд.



