Гумонбарии сармуҳосиби Донишкадаи исломӣ ба азхудкунии беш аз 70 ҳазор сомонӣ

Сармуҳосиби Донишкадаи исломии Тоҷикистон Нишон Ниёзов ба содир намудани ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Нишон Ниёзов давоми фаъолият дар ин вазифа аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 мунтазам тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба азхудкунии маблағҳо машғул […]

ASIA-Plus



Сармуҳосиби Донишкадаи исломии Тоҷикистон Нишон Ниёзов ба содир намудани ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Нишон Ниёзов давоми фаъолият дар ин вазифа аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 мунтазам тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба азхудкунии маблағҳо машғул будааст.

Аз ҷумла, ӯ ғайриқонунӣ ба номи худ дар «Тоҷиксодиротбонк» суратҳисоби музди меҳнат кушода, ба суратҳисоби худ мунтазам аз ҳисоби андоз аз шахсони воқеӣ маблағи 71,3 ҳазор сомониро ҳамчун музди маош интиқол додааст. Баъдан ӯ ин маблағҳоро аз нуқтаҳои банкоматҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе васлнамудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» гирифта, онҳоро тасарруф ва ба давлат ба микдори калон зарари молиявӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, оиди ҳолати мазкур нисбати Ниёзов Н.С. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.