Рӯзи 20-уми август дар Душанбе Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» ба итмом расид.
Ба мақоми аввал ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат сазовор дониста шуданд. Ҷойи дуюм насиби ноҳияҳои Тоҷикобод, Зафаробод ва Фархор гардид. Зинаи сеюм ба ҳаваскорони шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва ноҳияи Шуғнон дода шуд.
Иштирокчиёни фестивал бо ҷоизаву туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ширкати «Рухом», ҶДММ «Ёқут- 2000», ҳукумати пойтахт, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки фестивал-озмун ба муносибати 20-умин солгарди қабули Сарқонун (Конститусия)-и ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафи он дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва ҷалби ҳунармандони ҷавон ба фаъолияти эҷодӣ аст.



