Дар корхонаи «ТВ-Силк» коргоҳи нав ба истифода дода шуд

Дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар назди Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунари мардумии адрасбофию атласбофии дастии корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону […]



Дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар назди Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунари мардумии адрасбофию атласбофии дастии корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд 15 дастгоҳи дастӣ васл гардидааст.

Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содир намудани адраси дастибоф  7 мутахассиси соҳибтаҷриба аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шудаанд, ки давоми 2 моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Баъди 2 моҳи омӯзиш ва супоридани имтиҳон ба хатмкунандагон шаҳодатнома дода мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳо ташкил карда хоҳад шуд.

Барои рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ ва ҳавасманд гардонидани бонувони ҳунарманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуда, 3 нафар бонувони ҳунарманди вилоят бо пешниҳоди лоиҳаи худ оид ба таъсиси коргоҳи адрасбофӣ ҳар яке сазовори грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гаштаанд.

Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи истеҳсолоти хонагӣ тибқи қарори Раиси вилояти Суғд озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» эълон карда шуда, барои қадршиносии ғолибон аз буҷаи вилоят  70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни навсозӣ ва афзунсозии иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди пилла бевосита шинос шуда, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин корҳо ба роҳбарияти корхона дасутуру ҳидоятҳои судбахш дод.

Тавре иттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 500 тонна пиллаи хушк дар як сол мебошад.

Соли равон дар вилоят 750 тонна пилла истеҳсол гардида, аз он қариб 400 тоннааш аз ҷониби корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» харидорӣ шуда,  мавриди коркард қарор гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истеҳсоли солонаи пилла дар вилоят ба 1,5 ҳазор тонна расонда шавад ва ҳам иқтидори корхонаи «ТВ-Силк» низ афзун карда шавад, то ки дар он беш аз 500 нафар, пеш аз ҳама занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гарданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корхона 200 кас бо кор таъмин шудаанд.

Роҳбарияти корхона аз иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷорӣ намудани боҷи гумрукӣ аз содироти пиллаи коркарднашуда изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал  имкон медиҳад тамоми пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар корхонаҳои ватанӣ коркард шавад.

Маҳз ҳамин иқдоми Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибкори ватанӣ Муқим Неъматовро водор намуд, ки ба навсозии корхонаи коркарди пилла ва таъсиси Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ камар бандад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.