Раиси бахши ҲНИТ дар Суғд иваз карда шуд



Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов аз ин мансаб барканор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар ин мансаб Илҳомҷон Ёқубовро, ки бахши ҳизб дар вилояти Суғдро беш аз як сол қабл ба раҳбарӣ гирифта буд, яке аз фаъолони ҲНИТ Муллоаббос Раҷабзода иваз мекунад.

«Илҳомҷон Ёқубов бинобар вазъи саломатиаш аз мансаби ишғолкардааш озод шуда, айни замон дар яке аз кишварҳои хориҷӣ муолиҷа мегирад ва баъди бозгашт ба ватан ба сифати мушовири раиси ҲНИТ ба фаъолият мепардозад», – гуфт манбаъ.



Дар акс: Илҳомҷон Ёқубов.

spot_imgspot_img

Популярное