Боздиди тоҷирони эронӣ аз ПСС Тоҷикистон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл ҳайати тоҷирони эрониро таҳти сарварии президенти Палатаи савдо, саноат ва минералҳо (ICCIM)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба ҳузур пазируфт. Ҳайати Эронро ҳудуди 40 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои бахшҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, кабелҳо, маҳсулоти саноати нафту кимиё, қубурҳои […]

Аваз Юлдошев



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл ҳайати тоҷирони эрониро таҳти сарварии президенти Палатаи савдо, саноат ва минералҳо (ICCIM)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба ҳузур пазируфт.

Ҳайати Эронро ҳудуди 40 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои бахшҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, кабелҳо, маҳсулоти саноати нафту кимиё, қубурҳои полиэтиленӣ, савдо, кишоварзӣ, асбобу лавозимоти рӯзгор ва ғайра намояндагӣ мекарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобила миёни палатаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуда, Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмононро ба ояндадору судманд будани сармоягузориҳои соҳибкорони эронӣ ба соҳаҳое чун истифодаи муштараки конҳои газ, гидроэнергетика, саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, қолинбофӣ, нақлиёт ва алоқа, сохтмони роҳҳо ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ ҷалб намуд.

Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба масъалаи муҳим будани тавсеъаи минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар рушди робитаҳои корӣ масъалаи муколамаву робитаи мустақими доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. «Доираҳои тиҷоратӣ бояд дар бораи вазъи бозорҳо, бахшҳои саноат ва самтҳои тиҷорати мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти саҳеҳу боэътимод дастрас карда тавонанд», – иброз дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.