Иштироки вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар нишаст СҲШ дар Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафари вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон  ба Душанбе дидору гуфтушунидҳои ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои […]

Аваз Юлдошев



Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафари вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон  ба Душанбе дидору гуфтушунидҳои ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар назар аст.

«То имрӯз аз кишварҳои дорои мақоми нозир дар СҲШ  танҳо Афғонистон намояндагони ҳайати худ барои иштирок дар нишасти СҲШ дар Душанберо муайян накардааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, кишварҳои дигари нозири созмон – ҳайати Эрону Покистон ва Муғулистонро дар нишасти Душанбе мутаносибан президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорҷ раҳбарӣ мекунанд.

Ҳайатҳои давлатҳо дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ хоҳанд кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи иштирок дар кори нишасти СҲШ сарони кишварҳои Эрону Чин ва Қирғизистон сафарҳои расмии худ ба Тоҷикистонро анҷом медиҳанд.

Ба андешаи коршиносони байнулмилалӣ, Муғулистон, ки имрӯз дар СҲШ мақоми нозирро дорад, барои узви комилҳуқуқи созмон шудан дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2015 дар Русия афзалияти бештар дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.