Ҳалокати 2 шаҳрванди Тоҷикистон аз тири марзбонони қирғиз

Аз захми тир бар асари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нуъмонҷон Набиев ва сардори гурӯҳи марзбонӣ дар ин қитъаи сарҳад капитан Азамат Азимов ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, афсари ҳалокшуда ҷияни собиқ фармонеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант […]

Аваз Юлдошев


Аз захми тир бар асари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нуъмонҷон Набиев ва сардори гурӯҳи марзбонӣ дар ин қитъаи сарҳад капитан Азамат Азимов ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, афсари ҳалокшуда ҷияни собиқ фармонеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов мебошад.

«Дар беморхонаи ноҳия боз чор нафар маҷрӯҳон аз тири марзбонони қирғиз бистарианд. Як маҷрӯҳи ҷароҳаташ сабукро субҳи имрӯз аз беморхона рухсатӣ дода, вазъи яке аз захмгирифтагон вазнин боқӣ мемонад», – гуфт як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

муноқишаи навбатии мусаллаҳона

рух дода, панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуданд.

Муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз болои рӯди ҳамноми ин мавзеъ талош варзидааст, ба вуқӯъ пайваста, лекин шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки ба оғози дубораи сохтмони пул монеъ шаванд.

Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз панҷ нафар сокинони деҳаи Қалъача захмӣ шуда, марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.