Афзоиши шумори кӯдакони муҳоҷирзанон дар мактаб-интернатҳо

Шумори занони тоҷике, ки кӯдакони худро дар мактаб-интернатҳо гузошта, худ барои коркунӣ озими Русия мешаванд, торафт зиёд мешавад. Директори мактаб-интернати №4-и шаҳри Душанбе Саидбаҳриддин Муъминов мегӯяд, тарбияи кӯдакони аз ҷониби модарони танҳо гузошташуда хеле душвор аст. «Аксари модарон барои ба тарбияи давлат фаро гирифтани кӯдаконашон ба давлат, мақомоти шаҳрдорӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ ариза медиҳанд ва […]

Маҳастии Дӯстмурод



Шумори занони тоҷике, ки кӯдакони худро дар мактаб-интернатҳо гузошта, худ барои коркунӣ озими Русия мешаванд, торафт зиёд мешавад.

Директори мактаб-интернати №4-и шаҳри Душанбе Саидбаҳриддин Муъминов мегӯяд, тарбияи кӯдакони аз ҷониби модарони танҳо гузошташуда хеле душвор аст. «Аксари модарон барои ба тарбияи давлат фаро гирифтани кӯдаконашон ба давлат, мақомоти шаҳрдорӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ ариза медиҳанд ва баъди аз ҷониби комиссия маъқул шуморида шудан, ба кӯдакон ҷиҳати иқомати муваққатӣ дар мактаб-интернатҳо иҷозат медиҳанд, вале аксари модарон дигар фарзандони худро бозгашт намегиранд. Тарбияву кор бо онҳо хеле душвор аст, онҳо бо кӯдакони дигар робита накарда, дар кунҷе доимо гирёнанд», – иброз дошт ӯ.

Муъминов мегӯяд, барои дар мактаб монондани фарзандонашон волидайн аз комиссияи махсус мегузаранд, ки дар он ҷо вазъи оила, макони қайди он ва хешовандони наздики онҳоро муайян мекунанд. «Танҳо ҳамин моҳ мо тақрибан 24 нафар кӯдаконро қабул кардем, ки 18 нафарашонро модаронашон гузоштаанд ва боқимонда кӯдакони ятим аз хонахои кӯдакон мебошанд», – қайд кард вай.

Ҳалима, модари 40-сола аз шаҳри Турсунзода, ки писараш Саидро муддати як сол дар интернат гузоштааст, мегӯяд ба ин кор маҷбур аст: «Шавҳарам дар Русия зани дигареро ба ҳамсарӣ гирифт. Агар кӯдакро дар хонаи оилаи шавҳарам гузорам, ятим гуфта, ӯро азобу шиканҷа медиҳанд, назди хешовнадонам гузорам, таъна хоҳанд кард, ки падараш ӯро партофтааст. Айни замон барои ман кор пайдо кардаанд ва ман бояд танҳо ба сафар бароям. Чун маблағе кор кардам, меояму ӯро аз интернат мегирам».

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, 1 млн. 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 904,2 ҳазор нафарашон- мардон ва 176,1 ҳазор нафарашон – занон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.