Сафари комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ба Бишкек



Нимаи аввали имрӯз ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек сафар кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ба ҳайати комиссия роҳбарони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия ва ҳамчунин намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шомил мебошанд.

«Зимни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо бо ҷониби Қирғизистон масъалаҳои роҳ надодан ба рух додани муноқишаҳои мусаллаҳ дар марзи ҳарду кишвар ва суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд», – иброз дошт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное