Анонс
– Дар Тоҷикистон қайди дубораи беш аз 7 ҳазор нафар довталабоне, ки аз мандати нахустин имтиҳоноти мутамаркази қабул гузашта натавонистанд, идома меёбад. Бақайдгирӣ дар 5 маркази қайд дар кишвар то 28-уми август давом мекунад;
– Бозиҳои мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон: Ҳосилот – Исфара; Парвоз – Эсхата; Саройқамар – Ваҳдат; Хайр – Далерон-Ӯротеппа; Энергетик – Регар ТадАЗ ва КМВА «Помир» – Равшан. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17-00. Оғози бозии Истиқлол – Хуҷанд соати 18:30;
– Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни то 73 кило Тоҷикистонро тарбиятгари мактаби дзюдои Душанбе Саидмухтор Расулов намояндагӣ мекунад;
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9784
сомонӣ;
1
евро –
6.5745
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.138
8
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1955
– Китоби нахустини рекордҳои Гиннес дар 198 саҳифа ба нашр расид.
2010 —
Дар Маскав собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара Низомхон Ҷӯраев боздошт шуд, ки аз соли 2007 мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт.
2013
— Дар боми маркази савдои «Пойтахт» дар Душанбе бахшида ба гузашти 100 рӯз аз замони боздошти соҳибкори маъруф Зайд Саидов флеш-моб доир гардид.
2013
— Дар Душанбе бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дуюмини автодроми иннноватсионии автоматишуда боз гардид.
1906-1975
– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳимҷон Норматов.
1935
– Мавлуди актёри кино Марат Орифов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо шабона дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо шабона дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3500 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, каме чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.



