Ёддошти ВКХ Тоҷикистон ба ВКХ Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад. Дар Ёддошти ВКХ Тоҷикистон ба ВКХ кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад.

Дар Ёддошти ВКХ Тоҷикистон ба ВКХ кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр номақбул арзёбӣ мегардад.

Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд.

Ҷониби Тоҷикистон, дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо, ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз нерӯ ва имконоти мавҷуда, раво медонад.

«Дар робита ба ин, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ёддошт фиристода шуд», – омадааст дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 

муноқишаи навбатии мусаллаҳона

 рух дода, дар натиҷа аз захми тири марзбонони қирғиз шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нуъмонҷон Набиев ва сардори гурӯҳи марзбонӣ дар ин қитъаи сарҳад капитан Азамат Азимов 

ба ҳалокат расиданд

. Афсари ҳалокшуда ҷияни собиқ фармонеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов мебошад.

Дар беморхонаи ноҳия боз чор нафар маҷрӯҳон аз тири марзбонони қирғиз бистарианд. Як маҷрӯҳи ҷароҳаташ сабукро субҳи рӯзи 26-уми август аз беморхона рухсатӣ дода, вазъи яке аз захмгирифтагон вазнин боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд, муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз болои рӯди ҳамноми ин мавзеъ талош варзидааст, ба вуқӯъ пайваста, лекин шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки ба оғози дубораи сохтмони пул монеъ шаванд.

Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз панҷ нафар сокинони деҳаи Қалъача захмӣ шуда, марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.

Қобили зикр аст, ки нимаи аввали рӯзи 26-уми август ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек 

сафар кард.

 Ба ҳайати комиссия роҳбарони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия ва ҳамчунин намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шомил мебошанд. Зимни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо бо ҷониби Қирғизистон масъалаҳои роҳ надодан ба рух додани муноқишаҳои мусаллаҳ дар марзи ҳарду кишвар ва суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.