Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил мулоқот орост.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба фаъолсозии ҳамкории тиҷоратии доираҳои соҳибкорони ҳарду кишвар баррасӣ шуд.
Раиси ПСС Тоҷикистон имконоти густардаи густариши ҳамкориҳо дар бахши бунёди зербино, тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои савдо, соҳаи бонкдорӣ ва молия, саноати нафту кимиё, энергетика, сохтмон, нақлиёту коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмони лӯлаҳои интиқоли нафту газ, индустрияи сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ ва сайёҳиро таъкид намуд.
Дар навбати худ Бандар Муҳаммад Ҷамил ҷиҳати андешидани тадбирҳо баҳри фаъолсозии робитаҳои тиҷоратӣ, қабл аз ҳама оид ба табодули сафари ҳайатҳои тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар, роҳандозии дастрасии маълумоти дуҷониба оид ба ин масъала ва ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои муштарак омодагӣ изҳор кард.



