Хатлон: «Тоири сиёҳ» ба 18 соли зиндон маҳкум шуд



Суди вилояти Хатлон яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноӣ Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ»-ро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Судяи суди вилояти Хатлон, раиси мурофиаи мазкур Амонзода Намози Шариф ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Тоир Тешаев мутобиқи ҳамаи айбномаҳои қаблан пешниҳодшуда – мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ), 195, қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 237, қ. 3 (Авбошӣ) ва 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардидааст.

Суд ҳамчунин ҳаммаслакони ӯ – Маҳмадсафӣ Низомовро ба 5 сол, Фаридун Зокиров ва Баҳодур Боевро ба 4 соли зиндон маҳкум карда, ҳар кадомеро дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Ҷаббор Алиев, адвокати Тоир Тешаев дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо бо ҳукми суди вилоят розӣ нестанд ва аз болои он шикоят бурданианд.

Бояд ёдовар шуд, ки РВКД дар вилояти Хатлон қаблан аз боздошти Тоир Тешаев ва шарикони ӯ з

имни як нишасти хабарӣ

 итиллоъ дода буд.

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал майори милиса Анвар Тағоймуродов рӯзи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» 19-уми марти соли равон аз тарафи кормандони раёсат ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоир Тешаев бо ҳаммаслаконаш бо як гурӯҳи дигар дар муноқиша мешаванд ва аз силоҳи оташфишон тир холӣ мекунанд, ки ба дасти зане, ки дар айвони хонааш меистодааст, бармехӯрад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамроҳи ӯ ҳаммаслаконаш – шаҳрвандон Суҳроб Назаров, Баҳодур Боев, Маҳмадсафо Низомов ва як нафар аз тарафи муқобил Фаридун Зокиров низ дастгир шудаанд. «Бояд гуфт, ки дар пайи ин муноқиша 7 нафар шаҳрвандони дигар дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳоло ин қазияро прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мекунад», – гуфта буд Анвар Тағоймуродов.

spot_imgspot_img

Популярное