Қотили хонандаи мактаб ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Синои пойтахт айбдоркунандаи асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарифов, хонандаи мактаби №66-и пойтахт, Бобоҷон Ҳомидовро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Бобоҷон Ҳомидови 17-сола мутобиқи моддаҳои 110 (Барқасдона расонидани зарари ҷисмонии вазнин) ва 237 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардид.  Дар ин мурофиа 11 нафар дар курсии айбдорӣ ҷавоб гуфтанд, ки дар муноқишаи ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Синои пойтахт айбдоркунандаи асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарифов, хонандаи мактаби №66-и пойтахт, Бобоҷон Ҳомидовро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бобоҷон Ҳомидови 17-сола мутобиқи моддаҳои 110 (Барқасдона расонидани зарари ҷисмонии вазнин) ва 237 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардид.  Дар ин мурофиа 11 нафар дар курсии айбдорӣ ҷавоб гуфтанд, ки дар муноқишаи ба марг анҷомида иштирок доштанд.

Ҳамин тариқ, ба Комрон Холов, Сино Қаҳҳоров, Алибахш Алиназаров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев, Маҳмадшариф Ҳомидов ҷазои ба муддати 160 соат ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намудан таъин шуд.

Мутобиқи моддаи авбошӣ, Аъзамҷон Рабиев, Баҳрулло Асоев, Икром Холназаров, Солеҳ Солеҳов дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб ва Ҷамолиддин Холов дар ҳаҷми 500 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ шуданд.

Дар мурофиаи суди охирин айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб карда буд, ки гунаҳкори асосии ин куштор Бобоҷон Ҳомидови 17-сола, ки пас аз синфи 9-ум мактабро тарк карда, дар ҷое таҳсил намекунад,

ба 10 соли зиндон

маҳкум карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт

 ба кордзанӣ табдил ёфта

, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола

 ба гуноҳаш иқрор шуда

, ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.