ҲНИТ созишномаи оташбас байни Ҳамос ва Исроилро ҷонибдорӣ намуд

Шурои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имзои оташбаси дарозмуддат байни Ҳамос ва Исроилро ҷонибдорӣ намуда, онро пирӯзии мардуми муборизи Фаластин дар ин набарди нобаробар алайҳи артиши ишғолгар медонад. Дар баёнияи дар ин робита интишоршудаи ҲНИТ зикр мегардад, ки ин пирузӣ натиҷаи мубориза ва муқовимат ва устувории фаластиниҳо барои расидан ба истиқлолият ва ташкили давлати миллиашон […]

ASIA-Plus



Шурои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имзои оташбаси дарозмуддат байни Ҳамос ва Исроилро ҷонибдорӣ намуда, онро пирӯзии мардуми муборизи Фаластин дар ин набарди нобаробар алайҳи артиши ишғолгар медонад.

Дар баёнияи дар ин робита интишоршудаи ҲНИТ зикр мегардад, ки ин пирузӣ натиҷаи мубориза ва муқовимат ва устувории фаластиниҳо барои расидан ба истиқлолият ва ташкили давлати миллиашон дар сарзамини аҷдодии хеш буда, дар муборизаи муқаддас тамоми миллатҳо, созмонҳо ва ҳукуматҳои озодихоҳу адолатпешаи ҷаҳон мардуми Фаластинро пуштибонӣ намуда, ҷиноятҳои Исроилро маҳкум намуданд.

«Боиси фахр аст, ки мардуми Тоҷикистони азизи мо ҳам дар ин набарди ҳақ бар ботил, адолат бо зулм ва озодӣ алайҳи истеъмор бетараф набуд ва бо дуъову мавқеъгириҳои худ дар паҳлуи бародарони фаластинии худ буданд», – омадааст дар баёнияи ҲНИТ.

Гуфта мешавад, бинобар ин, Шурои сиёсии ҲНИТ миннатдории худро ба Ҳукумати ҶТ, созмонҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва рузноманигорон, уламо ва хатибони муҳтарам, ба хусус, ба мардуми муъмину инсондӯсти кишварамон барои чунин мавқеъгирии шарафмандона изҳор менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.