Дар Суғду ВМКБ беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли бангдона решакан шуд



Охири моҳи августи соли 2014 зимни азназаргузаронии қитъаҳои наздизаминӣ ва хоҷагиҳои деҳаи Бунии ҷамоати Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон аз тарафи гурӯҳҳои оперативии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳодисаи парвариши банги ҳиндӣ дар миқдори 3 ҳазор дона ниҳол дар масоҳати 0,2 га ошкор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамаи ниҳолҳо бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Ба иттилои мнабаъ, худи ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони Раёсати АНМН дар вилояти Суғд тақрибан 30 ҳазор дона ниҳоли банги ҳиндӣ ошкор ва нобуд карда шуд.

Гуфта мешавад, айни ҳол аз тарафи раёсатҳои Агентӣ корҳои ҷустуҷӯӣ давом доранд.

spot_imgspot_img

Популярное