Дар Суғду ВМКБ беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли бангдона решакан шуд

Охири моҳи августи соли 2014 зимни азназаргузаронии қитъаҳои наздизаминӣ ва хоҷагиҳои деҳаи Бунии ҷамоати Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон аз тарафи гурӯҳҳои оперативии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳодисаи парвариши банги ҳиндӣ дар миқдори 3 ҳазор дона ниҳол дар масоҳати 0,2 га ошкор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамаи ниҳолҳо […]

ASIA-Plus



Охири моҳи августи соли 2014 зимни азназаргузаронии қитъаҳои наздизаминӣ ва хоҷагиҳои деҳаи Бунии ҷамоати Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон аз тарафи гурӯҳҳои оперативии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳодисаи парвариши банги ҳиндӣ дар миқдори 3 ҳазор дона ниҳол дар масоҳати 0,2 га ошкор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамаи ниҳолҳо бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Ба иттилои мнабаъ, худи ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони Раёсати АНМН дар вилояти Суғд тақрибан 30 ҳазор дона ниҳоли банги ҳиндӣ ошкор ва нобуд карда шуд.

Гуфта мешавад, айни ҳол аз тарафи раёсатҳои Агентӣ корҳои ҷустуҷӯӣ давом доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.