Парвандаи адвокати Зайд Саидов ба суд ирсол шуд



Тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба итмом расид. Парванда нисбати адвокат Фахриддини Зокиров аввали ҳамин ҳафта ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати Ф.Зокиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баррасии парванда дар мурофиаи судӣ баъди 9-уми сентябр оғоз мегардад.

Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, шоми рӯзи 7-уми марти соли 2014 аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуда буд.

Ӯ ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ

гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълуомти Агентӣ, Ф.Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз як бонки ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд. Ба сифати кафолат барои дастрас кардани қарз, онҳо ба номи фирмаҳои вуҷуднадошта ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардаанд. Аз қарзи дастрасшуда то имрӯз ба бонк нисфи маблағи гирифташуда баргардонида шудааст.

Нисбати Фахриддин Зокиров мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное