Давоми соли равон тамоили болоравии нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад.
Бино ба маълумоти нишондиҳандаҳои биржавӣ, аввали соли равон арзиши 1 тонна алюминий дар бозорҳои ҷаҳон 1 ҳазору 771,2 доллари ИМА-ро ташкил дода, имрӯз ба 2 ҳазору 87 доллари ИМА барои 1 тонна расидааст, ки аз моҳи феврали соли 2013 (2 ҳазору 140,2 $ барои 1 тонна) нишондиҳандаи сатҳи ниҳоӣ мебошад.
Яке аз сабабҳои болоравии нарх ба алюминийро ба камбуди он дар бозори ҷаҳон нисбат медиҳанд, зеро дар давраи аз моҳи январ то моҳи июни соли 2014 дар бозори ҷаҳонӣ норасоии 393 ҳазор тонна алюминийи аввалия ба вуҷуд омадааст.
Бино ба иттилои INTERFAX.RU, бори нахуст шурӯъ аз соли 2006, соли ҷорӣ дар бозори ҷаҳонии алюминий норасоӣ вуҷуд хоҳад дошт, чунки ширкатҳо истеҳсолотро боздошта, талабот аз ҷониби истеҳсолкунандагони автомобилҳо зиёд мешавад.
Агентии Bloomberg чунин арзёбӣ мекунад, ки соли 2014 камбуди ин металл дар саросари ҷаҳон дар қиёс бо барзиёд мавҷуд будани он дар соли гузашта дар ҳаҷми 580 ҳазор тонна, ҳудуди 61 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Соли 2015 камбуд метавонад афзуда, то 493 ҳазор тонна расад
Sumitomo моҳи январ барзиёд истеҳсол шудани алюминий дар сатҳи 312 ҳазор тонна дар соли равонро интизорӣ дошт. Қаблан дар бораи камбуди металл дар бозори ҷаҳонӣ Goldman Sachs Group Inc. огоҳ карда буд.
Нархи паст ба ин металл ба қатъи фаъолият ё коҳиши ҳаҷми истеҳсол дар зиёда аз 50 ширкат дар саросари дунё боис гардид, ки дар натиҷа имсол камбуд метавонад 579 ҳазор тонна пас аз 7 соли истеҳсоли барзиёдро ташкил диҳад.
Қобили зикр аст, ки ахири соли 2013 нархи алюминий ба андозаи 36% аз нишондиҳандаи баландтарин дар соли 2011 коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, аз оғози соли равон алюминий 14% қимат шуд.
Директори департаменти иттилооти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) Игор Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки болоравии арзиши алюминий дар бозори ҷаҳон ба фаъолияти ширкат ва дар маҷмӯъ ба истеҳсоли металл таъсири мусбат мерасонад.
«Ҳамзамон дар ширкат чунин тарзи корбарӣ (менеҷмент) роҳандозӣ шуда истодааст, ки ба мо барои ба ҳадди ниҳоӣ поин овардани хатарҳои дохилӣ ва беруна дар дурнамои дарозмуҳлат имкон фароҳам оварад. Мо ҷиҳати таҷдиду азнавсозии истеҳсолот кӯшиш ба харҷ дода, ба анҷоми барномаи гузаштан ба ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкили истеҳсолотҳои нави марбут ба алюминий суръат бахшида истодаем», – кайд кард ӯ.
Аввали моҳи августи соли равон зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари корпоратсияи байнулмилалии Glencore International AG Эндрю Каплан изҳор гардида буд, ки дар таҷдиду азнавсозии фаннии КВД «ТАЛКО» ин корпоратсияи дар саросари ҷаҳон маъруф саҳм хоҳад гирифт. Ширкат иқтидори корхонаро барқарор ва дар гузаштани истеҳсолоти корхона ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ кумак мекунад.
Ёдрас мекунем, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар «Корхонаи алюминии тоҷик» ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия 63,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,7% камтар мебошад.
Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар «Ширкати алюминии Тоҷикистон» дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 20,6% коҳиш ёфта, 216,4 ҳазор тоннаро ташкл дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.
Тибқи маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.



