Дар Вазорати молияи Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи рушд аз рӯи лоиҳаи «Тиҷоратисозии бахши кишоварзӣ» баргузор шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати молияи ҶТ созишномаи мазкурро вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив ба имзо расониданд.
Лоиҳаи «Тиҷоратисозии соҳаи кишоварзӣ дар таҷрибаи ислоҳоти қаблӣ, ки ба таҳкимбахшии ҳуқуқҳо ба замин, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар таъмини деҳқонон бо интихоби озоди зироати кишт мусоидат намуд, асос меёбад. Он дар оянда барои деҳқонон ва хоҷагиҳо ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои маҳаллӣ ва содиротӣ имкониятҳои васеътар фароҳам меоварад.
Лоиҳа ба баланд бардоштани тиҷоратисозии соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз равиши мантиқан пайдарпай ва такмилкунанда равона шудааст ва равиши мазкур тамоми ҷанбаҳои ин корро тавассути роҳҳои зерин дар бар мегирад: баланд бардоштани тавонмандии деҳқонон, тоҷирон, тиҷорати кишоварзӣ ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳсозии дастрасии онҳо ба бозорҳои кишоварзӣ; беҳсозии дастрасӣ ба маблағгузории инвеститсионӣ, ҳамчунин тақвияти унсурҳои муҳими чорчӯбҳои ниҳодӣ ва пойгоҳи илмии дониши соҳа, ки барои мусоидат ба фаъолияти тиҷоратӣ зарур мебошанд.
Маблағи умумии лоиҳа 25,92 млн. доллари ИМА, аз ҷумла аз ҳисоби бурси Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд – 22,0 млн. $ ва саҳми Тоҷикистон (ниҳодҳои молии шарикон) – 3,92 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Интизорӣ меравад, ки лоиҳа 16 ҳазор нафар баҳрагирон (бенефитсиар)-ро фаро мегирад, ки на камтар аз 30%-ашонро бояд занон ташкил диҳанд. Баҳрагирони мустақими лоиҳа иборатанд аз: (i) ассосиатсияҳои дорои самтгирии тиҷоратии истеҳсолкунандагон ва деҳқонон, муассисаҳои агросаноатӣ ва дилерҳои маблағгузориҳои кишоварзӣ, ки дар занҷираи арзиши иловашудаи дастгиришуда аз ҷониби лоиҳа иштирок мекунанд; (ii) ташкилотҳои иштироккунандаи молиявӣ, ва (iii) ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва илмӣЛоиҳа асосан дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ карда мешавад ва барои солҳои 2014-2019 дар назар гирифта шудааст.



