Кормандони зиндонҳо тарзҳои равонии кор бо маҳбусони маҳкум ба ҳабси абадро омӯхтанд

Рӯзҳои 28-29-уми август дар Душанбе дар доираи амалисозии лоиҳаи «Тадриҷан бекор намудани ҳукми қатл ва роҳандозии чорабиниҳои башардӯстона баъди ҷорӣ намудани манъи ҳукми қатл ё пурра бекор кардани он»-и Иттиҳоди Аврупо барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Тарзҳои равонии кор бо маҳбусони маҳкум ба ҳабси абад» тренинг доир гардид. Тавре аз намояндагии Итттиҳоди Аврупо дар […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 28-29-уми август дар Душанбе дар доираи амалисозии лоиҳаи «Тадриҷан бекор намудани ҳукми қатл ва роҳандозии чорабиниҳои башардӯстона баъди ҷорӣ намудани манъи ҳукми қатл ё пурра бекор кардани он»-и Иттиҳоди Аврупо барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Тарзҳои равонии кор бо маҳбусони маҳкум ба ҳабси абад» тренинг доир гардид.

Тавре аз намояндагии Итттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, тренинг аз ҷониби Намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар бинои Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

«Дар тренингҳо ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҳолатҳои душвори муколама бо маҳбусон, дарёфти тарзу воситаҳои бештар созандаи робита, мушкилоти ҳолати эҳсосии кормандоне, ки бо маҳбусони ба муҳлати зиёди зиндон ё ба ҳабси абад маҳкумшуда сарукор доранд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон на камтар аз 50 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Дар кори тренинг кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ ва коршиносони байнулмилалӣ аз Русия иштирок карданд.

Таври маълум, тайи 50 соли ахир дар саросари ҷаҳон тамоили аз байн бурдани ҳукми қатл ва маҳдуд сохтани соҳаҳои истифодаи он ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти тамоили мазкур, соли 2004 Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон кард. Соли 2010 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ фаъолияти ба пурра бекор кардани ҳукми қатл равонашударо ҳамчун яке аз афзалиятҳо тасдиқ намуд. Худи ҳамин сол бо фармони президенти Тоҷикистон оид ба омӯзиши ҷанбаи иҷтимоиву ҳуқуқии имкони бекор кардани ҳукми қатл гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Мақсад аз лоиҳаи «Тадриҷан бекор намудани ҳукми қатл ва роҳандозии чорабиниҳои башардӯстона баъди ҷорӣ намудани манъи ҳукми қатл ё пурра бекор кардани он» иборат аз ҳифзи ҳуқуқҳои инсон бо роҳи тадриҷан аз байн бурдани ҳукми қатл ва рӯи кор овардани тадбирҳои башардӯстона дар чор минтақаи ҷаҳон аст. Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар Осиёи Марказӣ 161 ҳазору 370 евро ҷудо кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.