Намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистону Афғонистон дар Қӯрғонтеппа

Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳ-ярмаркаи дурӯзаи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Афғонистон ба кор шурӯъ намуд. Намояндаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Барот Бойматов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ қайд кард, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа чунин намоишгоҳ-ярмарка маротибаи сеюм доир гардида, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои миёни соҳибкорони ҳарду кишвар ва фароҳам овардани шароитҳои […]

Сайраҳмон Назриев



Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳ-ярмаркаи дурӯзаи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Афғонистон ба кор шурӯъ намуд.

Намояндаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Барот Бойматов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ қайд кард, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа чунин намоишгоҳ-ярмарка маротибаи сеюм доир гардида, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои миёни соҳибкорони ҳарду кишвар ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.

Намояндаи маъмурияти музофоти Қундузи Афғонистон Маҳбубулло Маҳбуб дар навбати худ зикр кард, ки вазъи имрӯзаи Афғонистон ба ҷалби бештари соҳибкорони афғонӣ имкон намедиҳад ва изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд чунин чорабиниҳо бо ҷалби зиёдтари соҳибкорон мунтазам баргузор карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.