Ҳасани Рӯҳонӣ агрегати 2-юми Сангтӯда-2-ро ба кор меоварад

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзҳои 12-13-уми сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни сафари сарвари давлати Эрон ба фаъолияти агрегати 2-юми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ҳусни оғоз бахшидан аз ҷониби ӯ дар назар аст. Ин сафари расмии нахустини Ҳасани Руҳонӣ ба Тоҷикистон аст. Аз ҶСК «НБО Сангтӯда-2» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки […]

Меҳрангез Турсунзода



Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзҳои 12-13-уми сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни сафари сарвари давлати Эрон ба фаъолияти агрегати 2-юми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ҳусни оғоз бахшидан аз ҷониби ӯ дар назар аст. Ин сафари расмии нахустини Ҳасани Руҳонӣ ба Тоҷикистон аст.

Аз ҶСК «НБО Сангтӯда-2» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳ сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ширкат хоҳанд варзид.

Бино ба иттилои хабаргузории Fars, дар ҷараёни сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон имзои 10 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои илму саноат, иқтисоду технология ва ҳамкориҳо миёни макотиби олии ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки агрегати якуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» санаи 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод мавриди истифода қарор гирифта буд.

Тибқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 110 МВт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқи он 500 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан, иқтидори он ба истеҳсоли то 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар сол баробар хоҳад шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Ширкати эронии «Сангоб» паймонкори кулли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.