Беш аз 800 нафар ҳунарпешагони Тоҷикистон дар консерти тантанавӣ барои меҳмонони воломақоми нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки шоми 11-уми сентябр дар толори «Кохи Борбад» доир мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар консерт суруду рақсҳои мардуми кишварҳои узви СҲШ ва давлатҳои дорои мақоми нозири созмон намоиш дода мешаванд.
«Дар барномаҳои консертии қаблӣ бахшида ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ намояндагони ҳамаи кишварҳои узви созмон иштирок мекарданд, вале ин дафъа танҳо ҳунарпешагони кишвари мо ширкат меварзанд ва ин барои онҳо як имтиҳони ҷиддиест», – иброз дошт сарчашмаи хабар.
Зимнан зикр гардид, ки машқу тамринҳои омодагӣ ба барномаи консертии мазкур ҳамарӯза дар толори «Кохи Борбад» гузаронида мешаванд.



