Иштироки беш аз 800 нафар ҳунармандони тоҷик дар консерт барои меҳмонони воломақоми нишасти СҲШ

Беш аз 800 нафар ҳунарпешагони Тоҷикистон дар консерти тантанавӣ барои меҳмонони воломақоми нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки шоми 11-уми сентябр дар толори «Кохи Борбад» доир мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар консерт суруду рақсҳои мардуми кишварҳои узви СҲШ […]

Аваз Юлдошев



Беш аз 800 нафар ҳунарпешагони Тоҷикистон дар консерти тантанавӣ барои меҳмонони воломақоми нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки шоми 11-уми сентябр дар толори «Кохи Борбад» доир мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар консерт суруду рақсҳои мардуми кишварҳои узви СҲШ ва давлатҳои дорои мақоми нозири созмон намоиш дода мешаванд.

«Дар барномаҳои консертии қаблӣ бахшида ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ намояндагони ҳамаи кишварҳои узви созмон иштирок мекарданд, вале ин дафъа танҳо ҳунарпешагони кишвари мо ширкат меварзанд ва ин барои онҳо як имтиҳони ҷиддиест», – иброз дошт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки машқу тамринҳои омодагӣ ба барномаи консертии мазкур ҳамарӯза дар толори «Кохи Борбад» гузаронида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.