Муроҷиати ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба президенти Тоҷикистон



Ҳудуди 15 ширкати воридкунандаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон, аз ҷумла яке аз иштирокчиёни асосии ин бозор дар ҷумҳурӣ – «Газпромнефт» бо дархости дахолат ба вазъи мавҷуда дар бозори маҳсулоти нафтии кишвар муроҷиат карданд.

Дар номае, ки нусхааш ба «Азия-Плюс» дастрас шуд, сабаби муроҷиат таҳдиди воқеъии таъмини кишвар бо маҳсулоти нафтӣ, пеш аз ҳама бензин ва ба вуҷуд омадани камбуди маводи сӯхт дар бозори дохилӣ маънидод мешавад.

Гуфта мешавад, моҳияти муроҷиатнома ба президент ин аст, ки ҳамаи ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон, аз он ҷумла бозингари асосии бозор “Газпром нефт – Тоҷикистон”, бо мушкилоти таъмини талаботи худ аз ҷониби Корхонаҳои коркарди нафти Россия рӯ ба рӯ шуданд.

Дар идома зикр мегардад, ки корхонаҳои коркарди нафти Россия яку якбора содироти бензинҳоро ба дигар давалатҳо, аз он ҷумла ба Тоҷикистон, бинобар сабаби дефитсити он дар худи Россия, маҳдуд карданд. Мутаносибан бар ин сабаб чӣ дар бозори дохилии Россия ва чӣ барои содирот кардани он аз қаламрави Россия нархи маводи сӯхт боло рафт.

«Бар асоси нархҳои ҷории фурӯши бензинҳо дар Корхонаҳои коркарди нафти Россия, бо назадошти пардохти расмиёти гумрукӣ ва ҳамаи андозҳо, тибқи мулоҳизоти қаблии баъзе мутахассисон ва худи ширкатҳои воридкунандаи тоҷикистонӣ, нархи бензини АИ-92 метавонад дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ш.Душанбе то 7,30 сомонӣ барои як литр бирасад», – омадааст дар нома.

Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар номаашон қайд мекунанд, ки бо назардошти он боқимондаҳои захиравие, ки онҳо то имрӯз доранд, баъд аз 15 сентябр ғайб задани бензинро дар бозори дучор шудан мумкин аст. Бинобар ин, ҳарчи зудтар чораҳои фаврӣ дар сатҳи воломақом андешида, ҳамчунин аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба таври оперативӣ болоравии табиӣ ва асоснокшудаи нархҳоро тасдиқ кардан зарур аст.

Дар муроҷиатнома таъкид мешавад, ки Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин ба ҳолати шабеҳи Тоҷикистон дучор шудаанд. Ҳамон тавре, ки баъзе расонаҳои хабарии минтақавӣ хабар медиҳанд, дар давоми чанд моҳи охири соли ҷорӣ нархҳои маҳсулоти нафтӣ дар Қирғизистон то 20% ва дар муқоиса бо сатҳи нархҳои моҳи августи соли гузашта бошад, то 50% баланд шуданд. Ҳатто дар Қазоқистон, ки худ кишвари нафтӣ аст, дар НФС-ҳои ш.Алма Ато бензини АИ-92 тақрибан, ки ғайб задааст. Дар баъзе нуқтаҳо онро танҳо дар ҳаҷми 20 литр сари як нафар мефурӯшанд.

«Бо назардошти он, ки камбуди бензин, ҳатто эҳтимолияти набудани он дар фурӯш ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеъа таъсири манфии худро мерасонад, воридкунандагон ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд, ки проблемаи мазкурро дар сатҳи аз ҳама баланд ҳангоми мулоқоти ташрифоварии президенти Россия Путин В.В ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар мобайнҳои моҳи сентябрӣ, дар сатҳи баланд баррасӣ ва ҳал намояд», – қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Ширкатҳои мазкур мутмаинанд, ки агар тавассути сохторҳои ҳукумати Россия корхонаҳои конкретии коркарди нафти Россия ӯҳдадор карда шаванд, ки аз рӯи Мувозинаи индикативӣ ба Тоҷикистон талаботи ҳармоҳаи ҳаҷмҳои заруриро ҷудо кунанд, ҳалли ин мушкил имконпазир аст.

«Дар баробари ин, масъалаи даъват намудани гурӯҳи корӣ аз Вазоартиэнергетикаи ФР, Хадамоти федералии гумруки Россия вазоратхонаҳои бахши иқтисодӣ ва топ-менеҷерҳои роҳбарикунандаи Корхонаҳои коркарди нафт (Омск, Орск ва Салават) ба Тҷикистон барои ҳалли масоили марбут ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ бардошта шавад», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

spot_imgspot_img

Популярное