Ҳабси гумонбарон ба дуздӣ ва оташзании хонаи Сурайё Қосимова

Зимни баргузории чорабиниҳои махсуси кормандони мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб афроди гумонбар ба дуздӣ ва оташзании манзили Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова боздошт шуданд, ки асосан занон мебошанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, шаби 24 ба 25-уми июли соли 2014 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Қосимова Сурайё соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Кӯлоб, […]

ASIA-Plus



Зимни баргузории чорабиниҳои махсуси кормандони мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб афроди гумонбар ба дуздӣ ва оташзании манзили Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова боздошт шуданд, ки асосан занон мебошанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, шаби 24 ба 25-уми июли соли 2014 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Қосимова Сурайё соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Кӯлоб, роҳбари Ансамбли Фалак дар вилояти Хатлон, аз ҷониби шахсони номаълум, аз дохили ҷевони оҳанин ҷавоҳиротҳои тиллоӣ ва нуқрагин, 1-адад планшети тамғаи «Самсунг», ҷамъ ба маблағи 24000 доллари амрикоӣ дуздида шудаанд. Ҳамзамон хонаи истиқоматии мазкур оташ гирифта, ки ҳадаф аз он нест намудани изи ҷиноят буд. Мошинҳои сӯхторнишонӣ сари вақт расида кӯшиш намуданд, молу амволи хонаро аз коми оташ наҷот диҳанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки содиркунандаи  ҷинояти мазкур ҷияни худи Сураё Қосимова, Муҳаё Қосимова соли таваллудаш 1985 буда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон: Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳороров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970, сокинони шаҳри Кӯлоб, ба ин ҷиноят даст задаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.