Коршинос: Ба Тоҷикистон истеҳсоли ҳарчи зудтари барқ дар нерӯгоҳи Роғун зарур аст

Коршиноси бахши энергетика Мирзошариф Исломиддинов бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон истеҳсоли ҳарчи зудтари барқ дар нерӯгоҳи Роғун зарур аст. Ӯ зикр кард, ки то ахири соли равон бо мақсади бунёди сарбанди обанбори нерӯгоҳи Роғун бастани маҷрои дарёи Вахш зарур буда, ҳамзамон насби ду гидроагрегати мавҷудаи нерӯгоҳро мебояд оғоз намуд. М.Исломиддинов таъкид дошт, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Коршиноси бахши энергетика Мирзошариф Исломиддинов бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон истеҳсоли ҳарчи зудтари барқ дар нерӯгоҳи Роғун зарур аст.

Ӯ зикр кард, ки то ахири соли равон бо мақсади бунёди сарбанди обанбори нерӯгоҳи Роғун бастани маҷрои дарёи Вахш зарур буда, ҳамзамон насби ду гидроагрегати мавҷудаи нерӯгоҳро мебояд оғоз намуд.

М.Исломиддинов таъкид дошт, ки барои бастани маҷрои рӯдхона ва насби ду гидроагрегат воситаҳои зиёд зарур нестанд ва истеҳсоли барқ дар ин агрегатҳо дар мавсими зимистон ба таври қобили мулоҳиза камбуди нерӯи барқ дар кишварро коҳиш медиҳад, ки шабонарӯзӣ 12-14 млн. кВт/соат арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон барои анҷоми пурраи сохтмони ин иншоот воситаҳои кофӣ надорад. «Аз ин рӯ, ҷиҳати идомаи сохтмони нерӯгоҳ бо кишварҳои ҳамсоя мебояд забон ёфт ва минбаъд онро ҳамроҳ истифода намуд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома коршинос қайд кард, ки мебояд муносибатҳои дӯстонаи ҳамҷаворӣ бо Ӯзбекистонро барқарор кард ва сари масъалаи истифодаи муштараки захираҳои гидроэнергеткии рӯдхонаҳои Тоҷикистон андеша намуд. «Ҳамкории барои тарафайн судманд дар ин масъала барои минбаъд таъмин кардани амнияти энергетикии кишварҳо зарур аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.